Аввалин Бонки Молиявии Хурд озмун барои ишғол кардани ҷои кори холии Хазиначӣ дар филиали бонк дар ш. Душанбе эълон менамояд.
Вазифаҳои асосии корӣ:
• Таъмин намудани фаъолияти хазина дар мутобиқат бо санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии БМТ ва дастурамалҳои дохилии бонк;
• Супурдан ва қабули пули нақд ва дигар маводҳои қимматбаҳо;
• Дуруст ва сари вақт пур кардани китоби қайди хазина;
• Дуруст ва сари вақт ворид кардани маълумотҳо дар системаи компютерӣ;
• Омода намудани пули нақд дар хазина;
• Мувофиқи қоидаҳо таёр намудани ҳисоботҳои ҳарруза.
Талаботҳо:
• Маълумоти олӣ дар соҳаи иқтисод, молия ё муҳосибот;
• На камтар аз 2 сол таҷрибаи корӣ дар вазифаи хазиначӣ;
• Маҳорати хуби риёзӣ;
• Маҳорати хуби кор бо компютер;
• Дар сатҳи олӣ донистани забони тоҷикӣ; Дар сатҳи хуби корӣ донистани забони русӣ; донистани забони англисӣ бартарӣ дорад.
• Малакаҳои хуби муошират.
Хоҳишмандон метавонанд маълумоти шахсии худро (резюме) ва ду тавсияномаро ба почтаи электронии hr@fmfb.com.tj на дертар аз 31 маи соли 2018 ирсол намоянд.
Лутфан номгӯи вазифаро дар мавзуи мактуб ишора намоед.
Танҳо номзадҳои ба талаботҳо ҷавобгӯ ба мусоҳиба даъват карда мешаванд.