Мутахассиси хурди шӯъбаи кортҳои бонкӣ

0
198

ҶСП «Аввалин бонки молиявии хурд» ҷои кори холии Мутахассиси хурди шӯъбаи кортҳои бонкӣ воқеъ дар филиали бонк дар ш. Душанбе эълон менамояд.

Вазифаҳои асосии корӣ:

— Хизмат расонидан ба мизоҷони бонк оид барориши кортҳои бонкӣ

— Қабули аризаҳои мизоҷон ва омода намудани ҳуҷҷатҳои лозимӣ;

— Тақсим намудани кортҳо ба филиалҳо;

— Назорати банкоматҳо ва POS-терминалҳо;

— Таъмини мавҷудияти маблағҳои пулӣ барои ҳамаи банкоматҳо;

— Ҷалби мизоҷони нав;

— Таъмини ҳисоботи дохилӣ ва берунаи ҳармоҳа оид ба амалиётҳои кортӣ;

— Таъмини хизматрасониҳои машваратӣ ба дорандагони корт.

Талаботҳо:

— Маълумоти дар соҳаи иқтисод, молия, муҳосибот ва/ё бонкдорӣ

— Малакаҳои хуби компютерӣ;

— Донистани хуби забонҳои тоҷикӣ ва русӣ;

— Малакаҳои қавии риезӣ ва таҳлилӣ;

— Малакаҳои хуби муошират.

Хоҳишмандон метавонанд резюмеи шахсии худро ба почтаи электронии hr@fmfb.com.tj на дертар аз 8 июли соли 2018 ирсол намоянд.

Лутфан номгӯи вазифаро дар мавзуи мактуб ишора намоед.

Танҳо номзадҳои ба талаботҳои зикршуда ҷавобгӯ ба мусоҳиба даъват карда мешаванд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста введите свой комментарий!
Пожалуйста введите свое имя здесь

+ 59 = 65